Ширкати «Инсоф Пласт” тарихи 10 сола дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсолшавандаи хушсифати сохтмонии худӣ, саҳми арзанда мегузорад.
Корхона имрӯз яке аз субъектҳои пешсафи тавлидкунандаи маҳсулоти полиэтиленӣ, аз ҷумла курбҳои полиэтиленӣ ва пропиленӣ тамғаи “ПЕ80” ва “ПЕ100” дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ширкат бо муосиртарин таҷҳизоти истеҳсоли куборҳо муҷаҳҳаз буда, барои таъмини сифати баланд аз ашёи хоми аълосифати эронӣ, хитойӣ истифода менамояд.
Кубурҳои полиэтиленӣ ва пропиленӣ аз “Инсоф Пласт” – ро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва рӯзгордорӣ ба таври васеъ истифода менамоянд.
Зеро кубурҳои полиэтиленӣ ба далели вазни сабук доштан нисбат ба қубурҳои оҳанӣ ва бетонӣ, осонии ҳамлу нақл ва насб на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳон истифодаи васеъ доранд ва онҳо ҳамчун беҳтарин мавод дар иҷрои корҳои сохтмонии таъиноти гуногун дониста шудаанд.
Собит шудааст, ки қубурҳои полиэтиленӣ бо хусусиятҳои беназири хеш барои истифода дар шабакаҳои обтаъминкунӣ ва газтаъминкунии шаҳрӣ, шабакаҳои обёрӣ дар деҳот, заҳкашӣ, низоми корезии истеҳсолӣ, пӯшонидани ноқилҳои барқӣ ва ғайра беҳтарин интихоб аст.
Ҳамчунин ин навъи кубурҳо ба гармии то +80 дараҷа ва сардии то -10 °C тобовар буда, қобилияти муқовиматпазирӣ ва таъсири қувваҳо ва фишори беруна, фишори баланди гидростатикӣ ва нурҳои ултрабунафшу, ултрасурхро доранд.
Ба замми ин, қубурҳои полиэтиленӣ имкони бардошти фишори зиёд яъне аз 3 то 16 атмосфераро доранд ва бо хусусияҳои хоси кимиёвии худ пеши роҳи паҳншавии бемориҳои гуногунро гирифта метавонанд.
“Инсоф Пласт” вобаста ба талаботи рӯз қубурҳои полиэтиленӣ ва пропилениро ба ҳаҷм ва андозаҳои гуногун (аз 15 мм. то 250 мм.) ва ҷабогӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.
Ҳамаи маҳсулоти ширкат дорои сертификат буда, ба сифатнокии онҳо кафолат дода мешавад.