Реклама чист (Таблиғот)?

Реклама – ин эълон кардан аст!  Яъне тавассути матн, овоз (садо), видео, нишонаҳо, маҳсуоти қоғазӣ дар маҷала, варақаҳо ва ғайра хабардор кардани одамон аз мавҷудияти ягон маҳсулот ё хизматрасонӣ.  Реклама як соҳаи Маркетинг аст ва Маркетинг бошад як бахши илми Иқтисодиёт мебошад.

Рекламаро ба тоҷикӣ «Таблиғот» меноманд ва он аз калимаи «Тарғибот» чи фарқият дорад?

Таблиғот ин фақат хабардор кардани мардум оиди мавҷдияти ягон чорабинӣ, маҳсулот ё хизматрасони аст, ки мақсади ниҳоияш харид кардани маҳсулоти эълоншаванда мебошад.  Ба таблиғ (реклама) кардан асосан корхонаву тоҷирон машғулан ва тавассути телевизион, интернет, билбордҳо, варақаҳои иттилоотӣ, газета ба мардум маҳсулоту хизматрасонии худро эълон менамоянд ва дар он манфиатҳои маҳсулоташонро иникос мекунанд ваҳидоят менамоянд ки аз он харидорӣ карда шавад.

Реклама чист

Тарғибот бошад ин тамоман дигар чиз аст. Тарғибот ин чорабиниҳо баҳри ба бовари даровардани ягон гуруҳи мардум оиди ягон масъала. Масъалан ба кудакон фаҳмонидан оиди он ки агар хуб хонанд пас соҳиби дониши хуб шуда дар оянда баобру ва муввафақ мешаванд. Яъне хуллас Тарғибот ин чорабиниҳои фаҳмондадиҳи тавассути маъракаҳои гуногун аз ҷумла мизҳои мудаввар, маҷлисҳо, вохуриҳо, озмунҳо ва ғайра.

Мақсади ниҳоии Тарғибот ин ба даст овардани боварии мардум ва ҳидоят кардани онҳо ба амал кардани ягон кор аст аз ҷумла баҳри тарзи солим зиндагӣ кардан, хуб хондан, беҳуда вақт нагузарондан, бехатар будан, интихоб кардани ягон роҳбар ва ба монанди инҳо. Ба тарғибот асосан сохторҳои давлатӣ, иҷтимоӣ динӣ, назоартӣ бештар машғуланд аз ҷумла раисон, муллоҳо, милиса, муаллим, духтур ва ғайра.

Хуб акнун шумо пай бурдед, ки «Реклама» ин мафҳумест ки ба соҳаи тиҷорат ё худ бизнес алоқаманд аст ва «Тарғибот» ин калима ба соҳаи иҷтимоиёт асосан дахл дошта хусусияти ғайри тиҷоратиро дорад.

Таърихи пайдоиши Реклама ба замони Юнони қадим дахл дорад  ва маънояш  фарёд карда хабардор кардан аст. Шумо худ то ҳол чунин ҳолатро дар бозорҳои Тоҷикистон мушоҳида менамод, ки савдогарон тавассути магнитафон ё дигар техникаи садобарор маҳсулоти худро ба мардум эълон мекунанд. Ё ин ки худи саводгарон чунин ба мардум нигоҳ карда мегуянд (Биё бача куртаҳои зебо барои фуруш дорем) биё Апа ва ғайра.

Таблиғот чунин шаклҳо дорад (аз руи маъмулият):

  1. Реклама дар интернет (замонавӣ):
    1. Контексти. Тавассути Google ё Яндекс рекламаро дар ҳар гуна сайтҳои ҷаҳонӣ паҳн кардан мумкин аз ҷумла дар барномаҳои мобилӣ.
    2. Таргетӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Инстаграм, Ютуб, Тикток, Фейсбук ва ғайра. Рекламаи пулакист ва ҳамагӣ бо 5-10 доллар ҳам мешавад ки ҳазорҳо одамони заруиро аз руи сину сол, ҷуғрофия, ҷинс, ҳавасмандӣ ба ин ё он соҳа хабардор намоед.
    3. Медиавӣ: ягон сурат ё видео дар сайт ё барномаҳо гузошта мешавад.
    4. Рекламаи нативӣ: Реклама дар назди маҳсулоти алоқаманд. Масалан дар даромадгоҳи хонаҳои баландошёна гузоштани эълон оиди хизматрасонии сантехникӣ ё таъмири асбобҳои барқӣ.
    5. Инфлюен реклама. Таблиғот тавссути блогерон, сарояндаҳо ва шахсони маъруф. Дар саҳифаҳои иҷтимоии онҳо мешавад, ки рекламаи ҷолиб тавассути сохтани видеороликӣ ҳаҷвии ҷолиб реклмаи маҳсулотро ба роҳ монд.
  1. Рекламаи маъмулӣ.
    1. Рекламаи кучагӣ: билбордҳо, кронштейн, овезаҳо, ситилайт, ЛЭД экранҳо.
    2. Рекламаи дохилӣ: дар дохили марказҳои савдою хизматрасонӣ гузоштани LCD мониторҳо, банерҳо, навиштаҷотҳо дар болои деворҳо, лифтҳо ва ғайра.
    3. Дар маҷалаву маводҳои чопӣ аз ҷумла газета, журнал, варақаҳо (лифлет, буклет) ва ғайра.
    4. Реклама дар Телевизион ва Радио.
  1. Рекламаи мустақим
    1. Реклама тавассути зангҳои телефонӣ
    2. Таблиғот тавассути ягон чорабиниҳои консертӣ, маҳфил, маҷлис ва ғ.
    3. Ташкили намоишгоҳ.
    4. Тавассути почтаи электронӣ
    5. Бо месенҷерҳо
    6. Вохуриҳои «Як» ба «Як».

Ҳар як намуди реклама вобаста ба хусусияти маъсулот ва хизматрасонӣ ҳар гуна нозукӣ дорад ва натиҷааш ҳам ҳар хел мешавад.  Ба ғайр аз ин мавсим, ҷуғрофия, нарх, сифат ва дигар омилҳо низ ҳангоми реклама кардан аҳмият додан лозим.

Барои дуруст таблиғот кардан ҳатман ба мутахаасиси касбии муввафақи бисёртаҷриба муроҷиат намуд.  Дар реклама ҳатман бартариятҳои маҳсулотро иникос кард то инки барои харидор зарурияти гирифтани онро ҳавасманд намуд.

Бояд гуфт ки Реклама аз ҷониби давлат ба танзим дароварда мешавад ва на ҳаммаи маҳсулотҳоро иҷозати реклама кардан нест аз ҷумла сигор, нушокиҳои спиртӣ ва умуман маводҳои зараровар. Инчунин дар реклама калимаҳои дуруғ, фиребкунанда ҳам манъ аст.

Хуллас конуни Релама мавҷуд аст ва дар ҳолати риоя накардани он ҷаримаҳои вазнин ва ҳатто то ба ҷиноят кашида мешавад.

Хуллас мо ба шумо кутоҳ карда фаҳмонидем ки Реклама чист! Аз шумо хоҳиш, ки сайти моро ба ёру дустони худ равон намоед ва барои аз хизматрасониҳои рекламавии мо истифода кардан ба мо муроҷиат намоед.

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.