Хуш омадед ба Оҷонсии Маркетингии «TJ»

Имрӯзҳо брендҳои пешқадам ва муввафақони бозори Тоҷикистон бо мо ҳамкорӣ менамоянд. Таҷрибаи бой ва доираи васеи имкониятҳо ба мо имконият медиҳанд, ки мо ба мизоҷони худ бо нархи муносиб ва бо шароити мувофиқ, хизмат расонем.

Манфиатҳои ҳар як муштарӣ барои мо аҳамияти хос дорад!

Доираи хизматрасониҳои ширкати мо аз бахшҳои зерин иборат аст:

  • Хизматрасониҳо вобаста ба таҳлили тиҷорат;

  • Маркетинги рақамӣ ва таблиғоти мустақим тариқи шабакаи интернет;

  • Ташкили таблиғ дар телевизион, радио ва ташкили маводҳои аудио ва видеоӣ;

  • Хадамот вобаста ба чоп (чопи китобҳо, маҷаллаҳо, брошюраҳо ва ғ.);

  • Технологияҳои иттилоотӣ - таҳия ва сохтани сомонаҳо, барномаҳо барои компютерҳои шахсӣ ва дастгоҳҳои мобилӣ, инчунин дастгирии онҳо бо нигоҳдории минбаъда;

  • Ташкили чорабиниҳои намоишӣ.

Дар байни мизоҷони асосии доимии мо чунин ширкатҳо мебошанд, ки ҷумлаи онҳо: Бемористони «Ибни Сино», Меҳмонхонаи «777», Толори мебели «Акрам», Ширкати суғуртавии «Асри 21», Осоишгоҳи «Сатурн», Бонки байналмилалии Тоҷикистон, Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ», Агентии алоқаи ҳавоӣ, Маркази ташхисии "Нурафзо", ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон», Қаҳвахонаи «Дӯстон» ва ин ҳам бошад рӯйхатти нопурра мебошад. Намояндагони соҳибкории хурду миёна, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони алоҳида бо мо низ дар ҳамкорӣ қарор доранд.

Барои ҳалли вазифаҳо ва ташкили муносибати ҳамаҷониба мо бо ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ - пешвоёни соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бо таҷрибаи бисёрсолаи худ кор мекунем.

Дар ҷараёни ҳамкорӣ мутахассисони баландихтисоси мо ба шумо кӯмак мерасонанд, ки ҷумлаи онҳо ин: таҳлилгарон, маркетологҳо, идорачиён, мутахассисони SMM, барномасозон, тарроҳон, муҳосибон, оморчиён, ҳуқуқшиносон, баромадкунандагон, забоншиносон ва тарҷумонҳо. Онҳо вазифаҳоро бо масъулияту самаранок дар муҳлати муайянкардаи шумо ва бо нархи дастрас иҷро хоҳан намуд!

ҲАЙАТИ КОРМАНДОН

Роҳбар – Азами Давлат. Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва зиёда аз 15 сол таҷрибаи корӣ ба ҳайси мудири шӯъбаҳои маркетинг ва таблиғот, таҳлил ва банақшагирӣ ҳам дар корхонаҳои саноатӣ ва ҳам дар ширкатҳои молиявӣ ва суғуртавии кишвар. Мавсуф дар ҳалли бомуваффақияти фаъолияти тиҷоратии корхонаҳо ва муассисаҳо кӯмак менамояд.

Донистани асосҳои баҳисобгирӣ, андозбандӣ, технологияҳои муосири компютерӣ - аз барномаҳои оморӣ то таҳриргарони матн, аудио, видео, аксҳо, инчунин донистани забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дар сатҳи кори ва сифати олии идоракунии ҳамаҷонибаи кор ва фармоишгар мусоидат менамояд. Вай ба ҳама шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон сафарҳои корӣ анҷом додааст ва инчунин дониши худро дар соҳаи аудит дар хориҷа такмил додааст, ки ин ба ӯ имконият медиҳад, бо дарназардошти нозукиҳои маҳаллӣ ва ҳолати кунунии ҷаҳон ҳалли дурусти мушкилотро бартараф намояд.

Менеҷери маркетинг - Дониёр. Мутахассиси фарогири соҳаи таблиғот, баргузории намоишгоҳҳо ва ҷашнҳо, беш аз 20 сол таҷрибаи корӣ дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла бонк, полиграфия, туризм, тарабхонаҳо, фаъолияти иттилоотӣ ва таҳлилӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхона ва дигарҳо дорад. Дар хориҷа ва ҳам дар ватан ӯ вазифаҳои пурмасъулро ба дӯш доштааст ва ҳамчун мушовир дар Тоҷикистон, Таиланд ва Русия кор кардааст.

Маълумоти олӣ дар соҳаи таърих ва санъат дорад ва бо забонҳои русиву тоҷикӣ бурро баромад менамояд, овози ӯ дар чорабиниҳои гуногун хеле дилписанд мебошад.

Барномаҳои компютерӣ дар соҳаи таҳияи аксҳо ва матнҳо ба ӯ доимо дар пешниҳоди презентатсияҳо кӯмак мерасонанд. Масъалаҳои маркетингӣ (реклама)-ро моҳирона пеша менамояд, аз ҷумла дар телевизион, радио, маркетинги рақамӣ, SMM ва ғайра.

Барномасоз Фируз мебошад. Корманди пешқадами ширкати мо, ки дониши худро ба рушди технологияҳои компютерӣ дар Тоҷикистон ва Аврупо саҳмгузорӣ менамояд. Донишҳои ӯ имкон медиҳад, ки барои Парлумони Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Yandex.ru ва ширкатҳои хориҷӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва ИМА сомона ва барномаҳо эҷод кунанд.

Даҳҳо навовариҳои пешрафтаро дар таҳияи барномаҳо барои компютерҳо, смартфонҳо, веб ва идоракунии пойгоҳи онҳо, аз ҷумла бо истифодаи забонҳои барномасозии: Java, PHP, C #, SQL, Python, C ++, JavaScript, jQuery, Git, AngularJS 7, Oracle ва ғайраҳо месозад. Ӯ забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, туркӣ ва англисиро медонад ва омода аст, ки масъалаҳои мураккабро дар барномаҳо ҳал намояд.

Ороишгар (дизайнер) - Орзу. Мутахассиси беназир ва эҷодӣ дар тарроҳии графикӣ ва таҳрири видео. Бо таҷрибаи 10-солаи корӣ дар соҳаи таҳрири аксу наворҳои видеоӣ .

Дорои маълумоти касбӣ аст ва дониши худро ҳам дар вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар корхонаҳои тиҷоратии кишвар амиқ ва такмил кардааст. Ҳадди аққал ба 150 ширкатҳои Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо хидматҳои касбии худро пешниҳод кардаанд. Воситаҳои кории ин мутахассис Adobe Photoshop, Corel Draw, Adobe Illustrator ва Davinci Resolve мебошанд.

Наворгир ва аксбардор - Фарҳод. Ин корманди маълумоти дорои олӣ дар самти  режиссёрӣ мебошад. У тавассути камераҳои Sony ва Canon маводҳоро ба навор гирифта минбаъд дар барномаҳои Adobe Premiere, After Effect, Vegas Pro, Adobe Photoshop таҳрир менамояд. Таҷрибаи корӣ зиёда аз 6 солро дорад. Маҳсулоти омодакунандаи ӯ дар пахши барномаҳои телевизионӣ, таблиғоти Интернетӣ муаррифӣ ва истифода мешаванд.

Мутахассис - Муҳаммадҷон. Яке аз мутахассисони ҷавони мо, ки ҳамчун сарбози ҳаматарафа кор мекунад, омода аст, ки ҳама чизро омӯхта, хушмуомилагӣ бо муштариёнро пеша кунад, то вазифаҳоро саривақт ва тибқи шартнома иҷро намояд.

Дорои маълумоти олӣ дар соҳаи математика. Донистани забони тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ ба ӯ имконият медиҳад, ки дар иртибот бо мизоҷон ва омӯзиши супоришҳои техникии дар рӯи коғаз овардашуда кӯмак кунад. Дар 5 соли охир, ӯ тавонист, ки мутахассиси универсалӣ бошад ва қодирии худро ба хизматрасонии ҳамаҷонибаро барои рушди тиҷорати муштариёни татбиқ намояд.

Муҳаррир, тарҷумон - Алина. Корманди ширкати мо бо маълумоти олии ҳуқуқӣ. Донистани забонҳои англисӣ ва русӣ ба вай имкон медиҳад, ки барои муштариёни мо матн бинависад ва онҳоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ таҳрир ва тарҷума кунад.

Вай хизматрасонии касбии худро ҳадди аққал ба 50 ширкат ва соҳибкорони инфиродӣ дар Русия, Беларусия, Украина, Тоҷикистон, Ӯзбекистон пешниҳод кардааст. Фаъолияти асосӣ – навиштан ва пурра гардонидани сомонаҳои гуногун бо матн, пешбурди seo, LSI-копирайтинг, навиштани мақолаҳо барои шабакаҳои иҷтимоии VK, Instagram мебошад

Кормандони дигар - барои иҷрои фармоишҳои худ, инчунин мутахассисони муваққатиро ҷалб менамоем, ки ба мо дар ҳалли масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла масъалаҳои ҷамъоварии маълумот, ташкили пурсишҳо ва чорабиниҳо аз ҷумла кормандони ҳуқуқшинос,  баҳисобгир, кормандони техникӣ оид ба насби таҷҳизоти барқӣ  ва ғайра, ки мо дар асоси озмун ё бо тавсияи шахсони боэътимод муаррифӣ мешаванд ҳамкорӣ менамоем.


Макони мо дар харита

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 83.