Digital marketing (Таблиғот дар Интернет) – ин намуди аз ҳама муосир ва самараноки фаолияти рекламавӣ дар дунёи муоссир мебошад, ки барои гузаронидани мониторинг, баҳодиҳӣ ва танзими фаъолияти таблиғот дар вақти воқеӣ имкон медиҳад. Ин намуди таблиғот бо ёрии шабакаи Интернет ва воситаҳоиҳои гуногуни рақамӣ тавассути сомонаҳо ва барномаҳои мобилӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Мо якумин ва ширкати ягона дар Душанбе, ки бо таблиғот дар шабакаи Интернет сарукор менамоем. Кормандони мо таҷрибаи бисёрсола дар соҳаи маркетинг ва гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣӣ доранд. Онҳо касбӣ хоси таьлиғоти рақамиро дар шабакаи Интернет барпо менамоянд, ки дар он даҳҳо намуди таргетинг аз рӯи меъёрҳои гуногун аз ҷумла: ҷуғрофӣ, сину солӣ, вақт, нарх, иборавӣ ва ғайра ба назар гирифта мешаванд.
Қайд кардан лозим аст, ки руйпӯш шудани хароҷот аз таблиғот дар Интернет нисбатан зиёдтар аст, назар ба дигар намуди таблиғотҳое ки дар ҷамият ва бозор фаъолият менамоянд. Аз ин лиҳоз мо ба мизоҷонамон тавсия медиҳем, ки ҳамин намуди таблиғотро истифода баранд барои он ки вай арзон ва самаранок аст.
Дар айни замон аудиторияи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз он тақрибан 50% – аҳолии дигар мамлакатҳо аз ҷумла Федератсияи Руссия мебошад. Аз ин аудитория тақрибан 60-70% истифодабарандагони Интернет, дастгоҳҳои мобилиро (смартфонҳо ва планшетҳо) истифода мебаранд. Нархи миёнаи 1 мизоҷон дар аудиторияи Интернетии Тоҷикистон 5-10 сентро ташкил медиҳад, ки ин 2-3 маротиба назар ба дигар намуди таблиғотҳо арзонтар аст.
Digital marketing нишон додани таблиғоти шуморо ба шахсони муайян, дақиқ танзим намудани лоиҳаҳои таблиғот ва беҳуда сарф накардани буҷаи таблиғотро имкон медиҳад . Дар байни сарчашмаҳои маъмул барои таблиғот дар шабакаи Интернет истифодашаванда: Google.com, Yandex.ru, шарикони майдончаи ковтуковии низоми, YouTube.com, My Target, Топ-шабакаҳои Тоҷикистон, Imo, Viber, SHAREit ва ғайраҳо мавҷуданд.
Вақти танзими Digital marketing аз 3 то 7 шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Арзиши танзими майдонча – аз 500 сомон бо буҷаи 1000 сомон дар як моҳ ба як маҳсулот. Ба ин арзиш таҳлили маркетингии маҳсулот, маҳлумоти асосӣ, ҷиҳати манфӣ, тартиби ҳисобот дохил мешаванд.
Барои мизоҷони VIP мо танзимоти инфиродии махсусро дида мебароем, ки пайваста чорабиниҳои таблиғотвиро дар шабакаи интернет талаб менамояд.