SMM – Маркетинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Бо назардошти он ки  солҳои охир одамон вақти зиёди худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Фейсбук, Одноклассники, В-контакте, Инстаграм, Твиттер, Ютуб, мегузаронанд ба ин майдончаҳо низ давраи реклама омада расидааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ  гузаронидани рекламаи мақсадноки ширкатҳо яъне рекламаро нишон додан ба он шахсе ки шумо мехоҳед, имкон медиҳад. Мисол метавонед макони географиро  (ҷой дар харита), вақти намоиш, миқдори он, ҳудуди сину сол, ҷинс ва дигар бахши таргетингро нишон диҳед.

Арзиши танзими ин намуди реклама нисбатан баланд нест. Мисол мо метавонем рекламаи шуморо бо 100 сомон дар як моҳ пешбарем ва омори натиҷаи тамошои ширкати рекламавии шуморо равон кунем. Асосан дар ин ҷо маводи диққатҷалбкунанда, бо нақшаи ҳаматарафа фарогиранда, саволҳо мумкин пайдо шаванд, сохтан лозим аст. Мисол дар вақти реклама маҳсулоти беназирро фаҳмондан мумкин ва дар он ҷой боз харитаи макон, ҳудуди нарх, тамос, сомона, телефон ва ғайра метавон харидори намуд.

Ба рейтинги формати рекламаи хуб шомиланд:видеоролик бо эффект, тасвир матн, овоз ва ғайра.

Нисбат ба дигар намуди рекламаҳо ( ғайри Digital Marketing) натиҷаи SMM маркетингро метавон пайбурд бо ин методҳои мониторинг, ба мисли миқдори ташрифовардагон ба сомона, миқдори лайкҳо, тафсирҳо ва миқдори одамоне ки маводи шуморо паҳн карданд.

Буҷаи маркетингии нишондоди SMM, ки дар он рекламаи шуморо метавон пеш бурд на он қадар натиҷаҳои якхела меоранд, барои он ки ҳар як сомона гурӯҳи одамони худро дорад. Мисол дар Одноклассник асосан сокинони Тоҷикистон ва муҳоҷирон ки дар Россия кор мекунанд вақти худро мегузаронанд. Гурӯҳи одамони Инстаграм асосан ҷавондухтарон ва ҷавонписаронанд. Гурӯҳи одамони Фейсбук дар Тоҷикистон ин одамани маълумотноке ки забонҳои хориҷиро медонанд ва дар шаҳр дар оилаи ҷаҳонбиниашон васеъ зиндагӣ менамоянд.

Ҳангоми истифодаи SMM маркетинг шумо метавонед:

  • одамонро водор намудан то ки онҳо ба саҳифаи шумо обуна шаванд, маҳсулотро харидори намоянд, тафсирҳо нависанд, занг зананд, лайк монанд;
  • Фикру ақидаҳои гурӯҳи одамонро ҷамъ кардан ба таври гузаронидани пурсишҳо;
  • Бренди ширкати шуморо машҳуртар кардан
  • Вафодориии мизоҷонро ба ширкати шумо баланд бардоштан
  • Баланд бардоштани ташрифи сайти ширкат

ВИДЕО

 

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.