Тайёр намудани маводҳои презентатсионӣ ва слайд шоу

 Маълум аст ки презентатсия ва слайд шоу намуди эҳсосотро додан мебошад аз он ҷумла маълумот ва маводи эфективии бештари ифодаҳо дар электронӣ ва варақӣ мебошад. Ин маводҳои визуалӣ пештар низ истифода мешуданд, ҳам дар тиҷорат байни шаҳри Душанбе ва ҳам умуман сокинони Тоҷикистон. Презентатсия аз слайд шоу аз он фарқ мекунад ки вай метавонад ҳам дар шакли физикӣ ва ҳам электронӣ бошад. Аниқтараш презентатсия метавонад дар шакли тасвири варақӣ, видеороликӣ, матнӣ ва ғайра бошад. Слайд шоу бошад фақат дар шакли электронӣ ки аз тасвир ё видеоролики хурд иборат аст.

Презентатсия асосан ба мизоҷон ё шарикон додани маълумот дар бораи ширкати мушахасс истифода мешавад. Боз онро бештар барои тайёр намудани ҳисоботи иқтсодӣ ба нозирони ширкат пешниҳод мешавад, истифода мебаранд

Мо презентатсияро дар шаклҳои зерин тайёр менамоем:

  1. PPT (Повер поинт Power Point)
  2. SWF  (Prezi) ё NP
  3. AVI (Photoshou pro)
  4. MP4 (Adobe spark)
  5. HD (Vegas)
  6. Варақӣ (ранга).

Нархи тайёр намудани презентатсия аз миқдори маълумот ва талаботи техникӣ вобаста аст. Арзиши ҳадди ақали тайёр намудани презентатсия аз 500 сомон сар мешавад.

Слайд шоу бошад барои он самаранок аст ки ҳолатҳои хуби аёни кӯдакӣ ё наздиконе ки бо музика , эффекти махсус ҳамроҳӣ менамояд ва инсон аз тамошои он ҳаловат мебарад. Слайд шоу ро метавонед ба хешу наздикони худ дар рӯзи таваллуд ё дигар вақтҳо ҳадя намоед.

Арзиши тайёр намудани слайд шоу низ аз миқдори тасвир ва душвории ҳамроҳ бурдан бо эффектҳои махсус вобаста аст. Нархи сохтани слайд шоу аз 50 то 300 ро ташкил медиҳад.

ВИДЕО

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.