Таҳлили рақобат дар бозори мол ва хизматрасонӣ

Таҳлили рақобат – ин низоми мониторингии бозор мебошад, ки барои муайян намудани талаботи одамон ба молҳо ва хизматрасониҳо  равона карда шудааст.  Тавассути ин раванд тамоюли бозор, сатҳи рақобат ва нақшаи кор дар ҳар як самти фаъолият муайян менамоянд.

Таҳлили рақобат ба истеҳсолкунандагони мол ё хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки дар бораи як қисми бозоре ки худ фаъолият менамоянд, ҷиҳати пурқувват ва сусти рақибон, талабот ба ягон намуди молҳои худ маълумоти мушахасс гиранд. Натиҷаҳо ба ширкатҳо имкон медиҳад ки раванди тиҷорати қабули қарори муҳими идоракунӣ ва самти фаъолиятнокии худро баланд бардоранд.

 Мониторинги бозор, ин донистани динамикаи рақобат – маълумоти асосиро сиёсати маркетингии ширкат муайян мекунад. Бе фаҳмиши қобилиятҳои худ бозингарони бозор метавонанд зарар бинанд ва муфлис гарданд.

Таҳлили ҳамаҷонибаи рақобат, аз ҷумла анализи SWOT,  ба ширкатҳои бузург, намояндагони тиҷорат ва соҳибкорон  талаботи зиёд дорад.

Барои баланд бардоштани сатҳи таҳлили рақобат бояд маълумоти асосиро ба намуди матнӣ дар бораи мақсад, вазифа, талабот ва натиҷаҳо пешниҳод кард. Аз маълумотҳои ба даст оварда мо нақшаи баландсифати анализи рақобатро тайёр мекунем ва натиҷаҳоро ба намудҳои зерин: матнӣ, ҷадвалӣ ё графикӣ ба 3 забон (Тоҷикӣ, Русӣ ва Англисӣ)  пешниҳод мекунем.

Барои ба даст овардани маълумотҳо мо аз манбаъҳои васеъ ва боваринок истифода мебарем, ки дар байни онҳо намояндаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, ширкатҳо, ВАО, ҳукумат мавҷуданд. Илова бар ин барои баланд бардоштани сифати таҳлили рақобат мо аз пурсишу посухҳо ва анкетаҳо истифода мебарем то ки тасвири пурраи намуди фаъолиятро ошкор созем.

Арзиши таҳлили рақобат аз ҳаҷм ва мушкилии кор  вобаста аст. Нархи ҳадди ақал 10 000 сомонӣ, вақти муайяншуда 20-30 рӯзи корӣ мебошад.

ВИДЕО

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.