Нақшакашии тиҷорат

Хоҳишмандоне ки фаъолияти соҳибкории худро оғоз намуданианд ба натиҷаҳои пешакие ки ба сарф ва даромад дар рамкаи нарх ва қонуни бозор алоқаманд аст, зарурат доранд. Аз ин лиҳоз бо мақсади пешгуфтори даромадноки ин ё он намуди тиҷорат мо нақшаи тиҷоратро дар асоси ақида ва талаботи шумо тайёр  менамоем.

Бе нақшаи тиҷорат кушодани корхонаи нав ё ягон дигар намуди фаъолият комилан хатогии ҷиддӣ мебошад барои он ки иқтисодиёт дар нақшакашии оқилона сохта мешавад. Дар вақти фаъолияти тиҷоратӣ ин нақшаи тиҷорат номида мешавад ки акси саҳеҳияти баланди даромаднок (ROI) ва саҳеҳияти хавфи зарари пастро нишон медиҳад.

Тайёр намудани нақшаи тиҷорат комилан кори илмӣ аст ва муҳлати сохтани он метавонад аз хусусиятҳои ҳар як соҳаи мушаххас вобастагӣ дорад. Барои тайёр намудани нақшаи тиҷорати боэътимодтар аз тарафи мо мутахассисони дар ҳар намуди соҳаи иқтисодӣ аз ҷумла иқтисодшиносон, ҳуқуқшиносон, муҳосибон, муҳандисон ва гайра равона карда мешаванд.

Нақшаи тиҷоратии аз тарафи мо тайёр шуда бо хоҳиши мизоҷон ба 3 забон  тоҷикӣ, русӣ, ё англисӣ дар намуди матнӣ ки маводҳои графики ва ҷадвалиро дар бар мегиранд, пешкаш карда мешаванд.

Агар шумо фикру ақида надоред вале мехоҳед тиҷорати худро кушоед, бояд дар асоси тадқиқот ва таҳлили маркетингӣ мо метавонем нақшаи тиҷорати аз ҳама фоидаовартар ки дар он мақсад, сикл, ҳаҷми маводҳои иқтисодии зарура ва дигар далелҳое ки раванди нақшакашии тиҷоратро дар бар мегирад, тайёр намоем.

Нархи тайёр намудани нақшаи тиҷорат ба 3 гуруҳ тақсим мешавад:

  1. Аз 1000 то 5000 сомон барои фаъолияти соҳибкории хурд.
  2. Аз 10 000 то 100 000 сомон барои фаъолияти тиҷоратии миёна (фирма, ширкат)
  3. Беш аз 100 000 сомон барои ширкатҳо ва корпоратсияҳое ки саҳмиягузории бузургро хоҳишманданд.

ВИДЕО

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.