Хидматҳои дигари графикии мо барои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар мавзӯи «Савдои одамон» пешниҳод карда шуд. Расмҳо оид ба масъалаҳои гуногуни дарди ҷомеаи имрӯза, аз қабили: зӯроварӣ, меҳнати маҷбурӣ, ғуломӣ, истисмори шаҳвонӣ, талбандагӣ, қочоқи узвҳои инсон ва ғайра кашида шудаанд.
Баннерҳои истеҳсолшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, Yandex direct, Youtube ва ғайраҳо бо мақсади паҳн намудани иттилооте, ки боиси огоҳ шудани ҷомеа ва андешидани чораҳо дар сурати рух додани чунин далелҳо гардид, роҳандозӣ карда шуданд.





