28 августи соли 2021 дар Душанбе ҶДММ «Композит Т.А. ифтитоҳ шуд. Қобили зикр аст, ки сохтмони ин корхона санаи 17 сентябри соли 2019 шуруъ шудааст.. Дар корхона беш аз 150 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки ҳар сол то 150 километр қубурҳои диаметрашон гуногун аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол хоҳанд кард. Аввалин бор дар кишвар истеҳсоли қубурҳои нахи шишагй ба рох монда мешавад.
Маҳсулоти ин корхона воридотивазкунанда буда, дар баробари таъмини кишвар ба хориҷ низ содир хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Композит Т.А. — корхонаи муштараке, ки дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои пешрафтаи Озарбойҷон – «Азкомпозит» таъсис ёфтааст.