истисмор кардани зан барои амалҳои шаҳвонӣ

Дар бисёр мамлакатҳо камбизоатӣ, бекорӣ, низоъҳо, офатҳои табиӣ ва имкониятҳои маҳдуд миллионҳо одамонро дар ҳолати ноумедӣ ва вазъияти заифона мегузорад. Аз ин руй ин одамон барои гурӯҳҳои ҷиноятпешаи гуногун, ки вазъияти бади онҳоро барои нафъи худ истифода бурданӣ мешаванд, ҳамчун ҳадаф қарор мегиранд.

шаҳвати зан ва истисмори он

Ин гурӯҳҳо одамони заифшударо таҳти назорати худ мегиранд, онҳоро ба ғулом табдил дода, ба истисмор кардан сар мекунанд. Маҳдудкунии ҳуқуқии гендерӣ иродаи занҳо ва духтаронро барои савдои одамон ниҳоят дараҷа суст мегардонад.

Занону духтарон бар асоси омилҳои дар боло зикршуда ба доми савдогари одамон афтода давраҳои дуру дароз таҳти азобу шиканҷа, истисмори шаҳвонӣ бар ивази даромади зиёди ваъдашуда истифода мешаванд ва ҷони худро дар хатар мегузоранд. Дар аксар ҳолат занонро одамони наздики худ аз ҷумла дугона, ҳамсинф, ҳамсоя, бародару хоҳар ва ҳатто волидайни беандеша ба ин кори хавфнок барои мақсадҳои ғаразноки худ ҷалб мекунанд.

Одатан истисмори шаҳвонӣ нишонаҳои шубҳанок дорад, аз ҷумла ҷойи корӣ дар хориҷа бе зарурияти мавҷудияти пули кофӣ барои сафар ва ҳуҷҷатикунонӣ, надонистани забон, саломатии комилро тафтиш накардан, шартномаи расмӣ набастан ва ба монанди инҳо. Дар ниҳоят шахсоне, ки ба доми меҳнати шаҳвонӣ меафтанд, солиёни дароз ба ғуломӣ афтода аз алоқа бо хешу табор маҳрум мешаванд ва ҳуҷҷатҳои онҳоро савдогари одамон гирифта ба онҳо таҳдиду зуроварӣ мекунанд. Оқибати истисмори шаҳвонӣ ба зарарӣ ҷисмиву саломатӣ, нагирифтани ҳаққи кор, маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҳатто ба бохтани ҷон, оварда мерасонад.

Бинобар ин Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, ки бахши Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои марбут ба савдои одамон пайваста чораҷӯӣ намуда истодаанд.

Аз ин хотир агар Шумо аз амалҳои марбут ба савдои одамон, аз ҷумла, истисмори шаҳвонӣ, кудакдуздӣ, гирифтани узви бадан ва фурӯши он, меҳнати маҷбурӣ ё издивоҷи маҷбурӣ, ба талбандагӣ маҷбур сохтан ва ба монанди ин амалҳои ғайриқонунӣ зарар дидед ё худ таҳдиди ин рафтори ғайриқонуниро мушоҳида намудед, дарҳол ба рақамҳои телефонии зер хабар диҳед ё худ тариқи паёмрасонҳои WhatsApp, Viber, Telegram  тамос гиред.

(+992) 980 105 555

(+992 37) 227 07 07

Маълумоти бештар вобаста ба савдои одамон дар сомонаи «Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон» бо суроғаи https://antithb.tj/tj/  дастрас аст.

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.