Нобино набош – агар касеро медузданд хабар деҳ!

Гарчанде, ки дар ҳаммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ заминаи қонунӣ барои пешгирӣ, рафъ ва додани ҷазо барои савдои одамон мавҷуд аст, худи ҷиноят то ҳол хеле кам ҳамчун ҷинояти савдои одамон эътироф гардида, ҳодисаи савдои одамон аксар вақт ҳамчун дигар ҷиноятҳо, ба мисли:

  • Вайрон намудани низоми муҳоҷират;
  • Дуздӣ (одамрабоӣ);
  • Асорати қарзӣ;
  • Меҳнати маҷбурӣ;
  • Таҷовуз;
  • Ҳуҷум кардан;
  • Қаллобӣ;
  • Ғайриқонунӣ нигоҳ доштан;
  • Шиканҷа;
  • Боздошти хуҷҷатҳо ва ғ.,

муайян карда мешаванд.

Дар воқеъ, мавҷуд будани ҳолатҳое, ки аз рӯи ҳодисаи савдои одамон парвандаҳои ҷиноӣ на дар асоси ин ҷиноятӣ мушаххас, балки дар асоси дигар моддаҳо оғоз карда мешаванд, сабаби идома ёфтани фаъолияти савдогари одамон мегардад ва инчунин қурбониёни савдои одамонро аз чанде ҳуқуқҳои, ки қонун пешбинӣ намудааст, маҳрум месозад. Аз ин лиҳоз, барои босамар ба муқобили савдои одамон мубориза бурдан, қонунгузории миллӣ ва санадҳои зерқонуне, ки ваколат ва уҳдадориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ин самт ба танзим медароранд, хуб бояд донист.

Бинобар ин Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, ки бахши Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои марбут ба савдои одамон пайваста чораҷӯӣ намуда истодаанд.

Аз ин хотир агар Шумо аз амалҳои марбут ба савдои одамон, аз ҷумла кӯдакдуздӣ, гирифтани узви бадан ва фурӯши он, меҳнати маҷбурӣ ё издивоҷи маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, ба талбандагӣ маҷбур сохтан ва ба монанди ин амалҳои ғайриқонунӣ зарар дидед ё худ таҳдиди ин рафтори ғайриқонуниро мушоҳида намудед, дарҳол ба рақамҳои телефонии зер хабар диҳед ё худ тариқи паёмрасонҳои WhatsApp, Viber, Telegram  тамос гиред.

(+992) 980 105 555

(+992 37) 227 07 07

Маълумоти бештар вобаста ба савдои одамон дар сомонаи «Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон» бо суроғаи https://antithb.tj/tj/  дастрас аст.

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.