Ҳамкорӣ бо «Акфа Узбекситон» ба роҳ монда шуд

Мизоҷи навбатии мо — ширкати «Akfa» аз Ҷумҳурии Узбекистон — фармоишгари истеҳсоли маводи медиавӣ барои пахши телевизионӣ гардид.

Барои ин ширкат мо як сюжети видеои 2-дақиқаӣ омода намудем, ки дар он дастовардҳои он дар самти насби гармкунакҳои офтобии обӣ дар ҳудуди Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Akfa ТочикистонРаванди наворбардорӣ бо иштироки хабарнигори тоҷик 2 рӯз давом кард.

Таҳрир ва коркарди баъдинаворӣ (постпродакшн) — боз 1 рӯзи дигарро дар бар гирифт. Ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ ва мувофиқаҳо шаффоф ва фаврӣ анҷом дода шуданд.

Ба роҳбарияти ширкати «Akfa» аз кишвари бародари Узбекистон барои эътимод ва интихоби дастаи мо ҳамчун шарик изҳори миннатдорӣ менамоем.

Ширкатҳо ва шарикони моро ба ҳамкорӣ дар самти эҷоди маводи касбии медиавӣ барои телевизион ва платформаҳои рақамӣ даъват менамоем.

Ба ҳамаи мо комёбӣ ва шукуфоӣ орзумандем!

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.