Дуздиву фуруши узви инсон

Ҳушёриро аз даст надиҳед!

Ҷамъият иборат аз табақҳои гуногуни инсон мебошад ва ҳар як одам нигоҳу рафтори хоси худро дорад. Гарчанде қонунгузорӣ бар хилофи дуздиву фуруши узви инсон мавҷуд бошад ҳам, вале ба пуррагӣ риоя кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар амал имконнопазир аст.

Дар дунёи имруза бо мақсади қонеъ кардани талаботи пулии муфт, баъзеҳо узвҳои одамонро бе иҷозат мегиранд ва тавассути бозори сиёҳ ба муҳтоҷон мефурушанд, ки ин амали онҳо мутлақо ғайри қонунист!

дуздиву фуруши узви инсон

Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, ки бахши Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои марбут ба гирифтани узви инсон ва фурӯши он пайваста чораҷӯӣ намуда истодаанд.

Аз ин хотир агар Шумо аз гирифтан узви бадан хабардор шудед пас фавран ба рақамҳои телефонии зер хабар диҳед ё худ тариқи паёмрасонҳои WhatsApp, Viber, Telegram тамос гиред.

(+992) 980 105 555

(+992 37) 227 07 07

Маълумоти бештар вобаста ба гирифтани узви бадан дар сомонаи «Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон» бо суроғаи https://antithb.tj/tj/  дастрас аст.

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.