Оиладоршавии зуракӣ

Издивоҷи маҷбурӣ дар бархеи ҳолатҳо натиҷаҳои гуногуни манфӣ ба монандӣ ҷанҷолҳои пайдарҳами оилавӣ, вайроншавии оилаву бепарастор мондани кудакон, зарарҳои ҷисмониву руҳонӣ гирифтан, таваллуд шудани тифли носолим ва ғайраҳо оварда мерасонад.

Ҳамаи оқибатҳои аз издивоҷи маҷбурӣ пайдошаванда дар рушди ҷомеаи солим таъсири манфӣ мерасонад ва сабаби пайдоиши он алҳол маълум аст, ки аз инҳо иборат мебошанд:

  1. Ҳалли мушкилиҳои рузғор аз ҷумла бартараф кардани муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар оила;
  2. Аз қарз халос шудан;
  3. Ба боварӣ даромадан дар ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ;
  4. Қавитар кардани муносибати хешутабориву дустӣ;
  5. Супориш ё хоҳиши волидайну калонҳои авлод;
  6. Иҷро кардани анъанаҳои фарҳангӣ;
  7. Қонеъ кардан ва ё танзим намудани талаботи шаҳвонӣ;
  8. Халос шудан аз гапу гапчаҳои ҳамсояву куча ва ғайраҳо.

Мутаассифона издивоҷи маҷбурӣ дар аксар ҳолат мушкилиҳои мавҷударо ҳал намекунад, балки ҳолатро боз ҳам вазнинтар менамояд ва оилаҳои ҷавон бинобар сабаби пайдо нашудани ҳамдигарфаҳмӣ ва фарқияти гуногуни фарҳангиву иҷимоӣ байни ҳамсарон будан, зиндагонии ҳамҷоягии онҳо талх ва ё умуман вайрон мешавад.

Бо мақсади барпо кардани ҷомеъаи солим Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, ки бахши Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои марбут ба издивоҷи маҷбурӣ пайваста чораҷӯӣ намуда истодаанд.

Аз ин хотир агар Шумо аз амалҳои марбут ба издивоҷи маҷбурӣ зарар дидед ё худ таҳдиди ин рафтори ғайриқонуниро мушоҳида намудед, дарҳол ба рақамҳои телефонии зер хабар диҳед ё худ тариқи паёмрасонҳои WhatsApp, Viber, Telegram тамос гиред.

(+992) 980 105 555

(+992 37) 227 07 07

Ин маълумотро ба дигар дӯстон ва хешу таборони худ низ ирсол намоед то ин, ки ҷомеаро солим нигоҳ дорем ва интихоби ҳамсафари оилавии худро фарзандони мо мустақилона интихоб намоянд!

 

Маълумоти бештар вобаста ба Савдои одамон дар сомонаи «Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон» бо суроғаи https://antithb.tj/tj/  дастрас аст.

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.