Таҳлили бозори смартфонҳои Душанбе анҷом ёфт!

Чанде пеш ба ширкати мо аз як муштарӣ аз Аврупо дархост равон кард, тоинки дар бозори смартфонҳои шаҳри Душанбе назарсанҷӣ ва омӯзиширо анҷом диҳем. Кор дар рӯи ин лоиҳа ду моҳ тӯл кашид ва дар давоми он мо хоҳишҳои сокинони Тоҷикистонро дар мавриди хариди смартфонҳо бомуваффақият муайян кардем. Мо маконҳои савдои чаканаро таҳлил кардем, фаҳмидем, ки чаро одамон ин ҷойҳоро барои харид интихоб мекунанд, ба ниятҳои хариди такрории онҳо назар кардем ва фаҳмидем,  кӣ кадом модели телефон ё ҷойи харидро ба онҳо ки тавсия додааст.

Дар рафти пурсиш мо бо зиёда аз ҳазор нафар респондент дар панҷ маркази савдо, дар кучаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятй суҳбат кардем. Маълум шуд, ки беш аз нисфи сокинони ш. Душанбе харидории смартфонҳоро аз маркази савдои СУМ афзал медонанд, ки ин ҳам маҳбубият ва обрӯи дӯконҳои фаъолияткунанда дар ин маркази тиҷоратӣ мебошад.

Бинобар сабаби махфӣ будани таҳқиқот, мо ҳақ надорем, ки натиҷаҳои таҳқиқотро нашр кунем.

Мо ба муштарии худ барои эътимоде, ки ба мо гузоштааст ва ба мусоҳибон барои додани вақти пурарзиш барои иштирок дар тадқиқот изҳори сипос мекунем.

Дарҳои мо ҳамеша барои дархостҳои нав барои таҳқиқоти маркетингӣ боз ҳастанд ва мо омодаем, ки муроҷиати шуморо бо камоли кордонӣ ва масъулият ҳал кунем.

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.