Хидматҳои промоутерӣ оиди шиносоии Кореяи Ҷанубӣ

Бо фармоиши Ташкилоти сайёҳии Корея мо намоишгоҳ ташкил намуда, хидматрасонии промоутерҳо ва нозиронро ташкил кардем, то сокинони Душанберо кишвареро бо номи Кореяи Ҷанубӣ ошно намоем.

Чорабинӣ дар ошёнаи 3-юми бинои маркази Душанбе мол (Ашан) тӯли 30 рӯз (моҳи сентябри соли 2021) баргузор шуда, ба наздики 2000 нафар хоҳишмандон тӯҳфаҳо (маҷалла, шириниҳо ва ғ.) гирифтанд.

Аз иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки бо ёрии айнакҳои VR ба Корея нигоҳ кунанд ва худро тавассути воқеияти виртуалӣ дар шаҳрҳои Кореяи Ҷанубӣ (Сеул ва Пусан) эҳсос кунанд. Пас аз он ширкаткунандагон ихтиёран дар паҳлӯи стенд, ки дар он шаҳри Сеул тасвир шудааст, аксбардорӣ карданд ва дар саҳифаҳои Instagram-и худ бо ҳеш-теги #9ktodushanbe нашрияҳо гузоштанд.

Ҳамин тариқ, онҳое, ки ин талаботро иҷро кардаанд, мувофиқи шартҳои чорабинӣ иштирокчиёни бозии қуръакашӣ гардиданд. Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ 100 нафар ғолибон, ки моҳи октябри соли 2021 муайян мешаванд, бо тӯҳфаҳои «K-box» мегиранд.
Мо ба мизоҷони худ, ки моро ҳамчун иҷрокунандагони хидматҳои таблиғотӣ интихоб кардаанд, изҳори сипос мегуем!

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.