ЭҲТИЁТ БОШЕД – Савдои одамон

Савдои одамон барои ҷинояткорон дар замони имрӯза даромади калони муфти ғайриқонунӣ меорад ва гарчанде ин амал муқобили ҳуқуқҳои асосии инсон ба ҳисоб меравад хавфе, ки дар ин ҳолат ба савдогари одамон таҳдид мекунад камтарин аст.

Чунки ин ҷинояти пӯшида аст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муайян кардани ҷинояти мазкур ба мушкилиҳо дучор мешавад. Аз руи ин ҷиноят дар баъзе ҳолатҳо шикоят ё худ арз карда намешаванд, чунки қурбониёни савдои одамон метарсанд, ки дар суд шоҳид шаванд ва баъзан метавонанд бар асоси ягон омил, худашон низ ҷинояткор дониста шаванд. Барои ҳамин қонунҳои амалкунандаро иҷро намудан мушкил аст ва ба ин васила савдогари одамон хеле кам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Дар натиҷа гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил савдои одамонро дар аксар ҳолат илова бар фаъолияти дигари ҷиноятӣ ба мисли кочоқи силоҳ, гардиши ғаӣриқонунии маводи мухаддир ё қочоқи дигар маводи истеъмолии  даромаднок давом додан мегиранд. Ҷинояткороне, ки ба савдои одамон машғуланд, пули бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро рушод кардан (шустан), таҷовуз, тарсонидан, фасодкунӣ, терроризм ва дигар амалҳои вайронкунии ҷамъияти садҳо давлатҳои дунё равона сохта, бо ин роҳ рузгори мардумро валангор намуда истодаанд.

Бинобар ин Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, ки бахши Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб меёбад дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои марбут ба савдои одамон пайваста чораҷӯӣ намуда истодаанд.

Аз ин хотир агар Шумо аз амалҳои марбут ба савдои одамон, аз ҷумла кудакдуздӣ, гирифтани узви бадан ва фурӯши он, меҳнати маҷбурӣ ё издивоҷи маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, ба талбандагӣ маҷбур сохтан ва ба ин монанди ин амалҳои ғайриқонунӣ зарар дидед ё худ таҳдиди ин рафтори ғайриқонуниро мушоҳида намудед, дарҳол ба рақамҳои телефонии зер хабар диҳед ё худ тариқи паёмрасонҳои WhatsApp, Viber, Telegram тамос гиред.

(+992) 980 105 555

(+992 37) 227 07 07

Маълумоти бештар вобаста ба Савдои одамон дар сомонаи «Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон» – https://antithb.tj/tj/  дастрас аст.

Ҳамрасонӣ кунед

Comments are closed.